ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Узбакистон, Хоҷаев зимни ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ - минтақавии Осиёи Марказӣ - “CAREC” дар Ашқобод гуфт, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ додугирифти мол миёни Узбакистону дигар кишварҳои узви “CAREC” афзоиш ёфт.
“Давоми 9 моҳ додугирифти мол бо Покистону Муғулистон ду баробар, бо Тоҷикистон ва Озарбойҷон 60%, бо Қазоқистону Қирғизистон беш аз 45%, Чин – 30%, Туркманистон – 17%, Афғонистон – 11 дарсад афзоиш ёфт”, - изҳор доштааст Хоҷаев дар ҳамоиши вазирони кишварҳои узви “CAREC” дар Ашқобод.
Ӯ даъват намудааст, ки талоши муштарак барои мусоидати бештар барои додугирифти мол ва бартарафсозии монеаҳо равона шаванд. Вазири савдои Узбакистон даъват намудааст, вақт, нерӯ ва маблағе, ки тоҷирон зимни амалисозии расмиёти гуногун сарф мекунанд, ҳадди имкон коҳиш дода шавад.
Хоҷаев таъкид намудааст, ки Узбакистон барои озодсозии бештари бозору рушди иқтисоди бозоргонӣ иқдоми бештар хоҳад кард.