ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҷовид Муқим бо нашри як матлаб дар саҳифаи фейсбукияш изҳор дошт, ки моҳи ноябри соли 2016 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони кишвар, Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1 майро аз феҳристи рӯзҳои истироҳат баровард.
“Инак ду сол боз 1 май чун солҳои қаблӣ рӯзи истироҳат нест. Ҳамин тавр аз 13 рӯзи истироҳат барои рӯзҳои ид як рӯз кам карда шуд”, - изҳор дошт ӯ.
Профессори тоҷик афзуд, ки бинобар кам кардан аз истироҳатӣ, ягон рӯзи дигар иду истироҳатӣ эълон карда шавад.
Бо зикри ин Ҷовид Муқим пешниҳод намуд, 16 ноябр, ки ҳоло ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд мешавад, рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шавад.
“Зеро дар ҳамин рӯз, соли 1992 ҷаласаи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати 12-ум шурӯъ шуд ва дар таърихи кишвар давраи нав оғоз гардид. Ҳамчунин 16 ноябри соли равон Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали НБО “Роғун”-ро ба кор медарорад. Албатта, ин рӯзи таърихӣ, ки Тоҷикистонро аз вартаи камбарқӣ мераҳонад ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, ид аст. Барои ҳамин ҳам пешниҳод мекунам, ки 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шавад”, - шарҳ дод Ҷовид Муқим.
Бо зикри ин профессори тоҷик пешниҳод намудааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" фавран тағийрот ворид бикунад.
Ӯ аз афроде, ки ин пешниҳодро дастгирӣ мекунанд, даъват намудааст, ки раъй диҳанд.