Генерал Умаров: ҳамлаи “ДОИШ” ба пойгоҳи 201 пешгирӣ шуд

Генерал-лейтенант Мансур Умаров, ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, қасди созмони террористии “ДОИШ”-ро барои ҳамла ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”, кормандони амният аз ҳамлаи “ДОИШ” ба пойгоҳи низомии 201 ҷилавгирӣ кардаанд.

Путин фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро таъин кард

“Тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода мешавад. Террористон ба сафҳои “Давлати исломӣ” ҷалб шуда, тариқи интернет ба ин созмон савганди садоқат ёд кардаанд. Онҳо нисбат ба пойгоҳи низомии 201 Россия дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир карданӣ будаанд”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Умаров.

Генерал-лейтенант таъкид намудааст, ки бо кӯшиши КДАМ ин амалҳои террористӣ пешгирӣ шуда, иштирокчиёни он бо далелҳои шайъӣ ҳафтаи гузашта дар хонаи яке аз аъзои гурӯҳ дастгир гардиданд.