“Роғун” дар ҳузури Раҳмону ҳукуматдорони ҳамсоя фаъол мешавад

Шавкат Ҳамроев, вазири хоҷагии оби Узбакистон дар маросими ифтитоҳи чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” иштирок хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Шавкат Ҳамроев бо даъвати ҷониби Тоҷикистон дар маросими фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” ширкат меварзад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Биноҳои рангаю 50 ҳазор гул: Роғун меҳмононро чӣ гуна пешвоз мегирад?

Ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши робита бо ҷомеа иттилоъ дод, ки ба маросими фаъолсозии НБО Роғун намояндагони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндаҳои сафоратҳо ва 30 расонаи хабарии хориҷӣ даъват шудаанд.

Аз ҷумла даъватномаҳо унвонии Афғонистон, Узбакистон Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Покистон ирсол шудаанд.

Фаъолсозии нахустин чархаи нерӯгоҳи “Роғун” 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо ҳузури роҳбарияти кишвар дар назар аст.