ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Хусравов дар паёми фейсбукияш бо арзи салом ба мардум ва мухлисонаш гуфт, аввалан фазлу раҳмати Худо ва дуввум ин дуову самимияти мухлисонаш буд, ки ба ӯ руҳияи пирӯзӣ дод.
Навори пирӯзии Хусравов дар қувваозмоии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон - 2018
“Ин дастоварди имрӯз маҳсулу талоши чандинсолаи падари бузургворам Носири Хусрав ва мураббии азизам Маҳмадшарифи Сулаймон мебошад, ки моро дар ин роҳи расидан ба унвони Қаҳрамони самбои ҷаҳон кумак карданд”, - изҳор дошт қаҳрамони нави ҷаҳон дар риштаи самбо.
Ӯ инчунин ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони бахши варзиши кишвар барои ҳамкорӣ ва ёрдам изҳори миннатдорӣ намудааст.
Хусравов дар таърихи Тоҷикистон сеюмин нафарест, ки унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самборо соҳиб шудааст. Қаблан Саидмуъмин Раҳимов соли 1975 ва Беҳрузи Хоҷазода соли 2017 қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуда буданд.
Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бухарест, инчунин се варзишгари тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни 74 кило аз рӯи самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кило аз самбои размӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.