Се медали Тоҷикистон дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарест ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик се медали биринҷӣ ба даст оварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило,  Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74 кило аз рӯи самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кило аз самбои размӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Сол гузашт: Хоҷазода, Устопириён ва 8 паҳлавони дигар боз ба чемпионат мераванд

“Дар рӯзи аввал 4 варзишгари тоҷик – Ҷомии Ҳасан (-52кг), Мустафо Ҳасанов (-68кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар самбои варзишӣ ва Беҳрӯз Зуҳуров (-74кг) дар самбои размӣ аз медалҳо бенасиб монданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки имрӯз Хушқадам Хусравов (-62кг), Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Беҳруз Хоҷазода соли гузашта дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи самбо дар Сочӣ сазовори ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.