Голи Гулсунбӣ ва шикасти тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи Филиппин

Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар давраи сеюми мусобиқа аз дастаи Филиппин шикаст хӯрд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар давраи севуми мусобиқаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи "А" аз дастаи мунтахаби бонувони Филиппин бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳарчанд дар дақиқаи 24-ум футбобози тоҷик Гулсунбӣ Ҳалимова ҳисобро кушод, тими Филиппин тавонистанд ба дарвозаи бонувони футболбози тоҷик се гол зананд.

Пирӯзии бонувони тоҷик дар бозии футбол бо дастаи Бутан

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи бонувони Чин бар тими Муғилистон пирӯз гашта, ҳамин тавр баъди натиҷагирии се давр, дар ҷадвали гурӯҳи “А”  Чин ва Филиппин бо 6-холӣ болонишинанд. Тоҷикистон бо 3 хол дар мавқеи сеюм, Муғулистон ва Сингапур бо якхолӣ дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор доранд.

Дар даври чорум 11 ноябр Филиппин бо Муғулистон, Сингапур бо Тайпейи Чин вомехуранд.

Бонувони Тоҷикистон дар давраи ниҳоӣ бо дастаи Сингапур мусобиқа хоҳанд кард. Бозӣ 13 ноябр дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.