Мулоқоти Маскав: Тоҷикистонро Саидзодаю "Толибон"-ро 5 ҳоҷию мавлавӣ намояндагӣ мекунанд

Зоир Саидзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар ҳамоиш барои баррасии масоили Афғонистон дар Маскав иштирок мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Зоир Саидзода барои иштирок дар музокирот барои сулҳ дар Афғонистон озими шаҳри Маскав шуд.

Тоҷикистон ба гуфтушунид бо ҳузури Толибон дар Маскав даъват шуд

Дар ин бораи РИА Новости аз қавли Вафо Ниятбекзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Музокироти Маскав дар масоили Афғонистон 9 ноябр бо ҳузури намояндагони Толибон дар назар аст. Созмони мамнӯи "Толибон" бо нашри як иттилоия эълон кардааст, ки ин ҳаракатро дар мулоқоти Маскав 5 нафар – Ҳоҷӣ Муҳаммад Аббос, Мавлавӣ Салом Ҳанафӣ, Шайх-ул-Ҳадис Мавлавӣ Шаҳобиддин Диловар, Мавлавӣ Зиё Раҳмон Маданӣ ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Соҳайл Шоҳин намояндагӣ хоҳанд кард.

Ин созмони мамнуъ, ки бо даъвати Русия дар ин мулоқот иштирок мекунад, таъкид намудааст, ки мавқеашро рӯшан мекунад ва умед дорад, ки роҳи сулҳомези ҳалли масоили Афғонистон пайдо хоҳад шуд. “Толибон” таъкид намудааст, ки дар ҳошияи ҳамоиш бо ҳайати Афғонистон гуфтушуниде дар назар нест.

Мақомот: ҷангалбонҳои тоҷикро “Толибон” накуштанд

Қаблан Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дода буд, ки баробари Тоҷикистон инчунин даъватнома ба Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, ИМА, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин фиристода шуд.

Манбаъ таъкид кард, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон тасмим гирифтааст, як ҳайатро аз Шӯрои олии сулҳи кишвар ба Маскав равон кунад. Машварати мазкур дар сатҳи муовинҳои вазирони умури хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. 

Тибқи иттилоияи расмӣ, мулоқотро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ифтитоҳ хоҳад кард.

Вазорати умури хориҷии Русия таъкид намудааст, ки ҳалли қазияи Афғонистон танҳо тариқи сиёсӣ бо ҷалби васеи кишварҳои ҳамсоя ва шарикони минтақавии ҷумҳурии исломӣ имконпазир аст.