Ваъдаю вафои Жириновский: раиси “ЛДПР” аз минбари Думаи давлатӣ дар бораи Тоҷикистон гуфт

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал – демократи Русия дар пайи бозгашт аз Тоҷикистон аз минбари Думаи давлатӣ даъват кард, ки таваҷҷуҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ бештар карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Жириновский гуфт, муносиботро бояд бо ҳама барқарор кард, аммо тавваҷҷуҳи асосиро бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон равона кард.

ВИДЕО-и суҳбат: аз тағои Жириновский дар Кӯлоб то "осмонӣ" набудани Эмомалӣ Раҳмон

“Махсусан Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҳар рӯз 2-3 марзбон ҳангоми ҳифзи сарҳад аз гуруҳҳои Афғонистон ҳалок мешаванд. Бояд ба онҳо кӯмак кунем, чун амалан онҳо қаламрави моро низ ҳимоят мекунанд. Агар ҷинояткорон аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шаванд, метавонанд ба Русия низ роҳ ёбанд. Вазъ дар Осиёи Марказӣ метавонад бадтар аз Сурия гардад, ки ин боз зарба ба Русия хоҳад буд”, - таъкид намуд Жириновский.

Ӯ афзуд, ки дар оянда бояд минтақаи муштараки иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ташкил кунему санадҳои ҳамдигарро эътироф намоем.

“Ниҳоят имкон дорад, ки як намунаи муштараки асноди давлатӣ таҳия шаванд. Ё чун бо Белорусия, кишвари иттифоқӣ ташкил кунем. Аммо ташаббус бояд аз поён сурат гирад, мо намехоҳем чизеро ба касе бор кунем”, - илова намуд раиси “ЛДПР”. 

Хоҳишҳои Тоҷикистону ваъдаи Жириновский: аз таърифи Раҳмон то марз ва сабукӣ ба муҳоҷирон

Жириновский изҳор дошт, ки дар ҳоле дигар кишварҳо мавқеи забони русиро танг мекунанд, давлатҳои Осиёи Марказӣ баръакс мехоҳанд таълимаш бештар шавад, мактабҳои бештар бунёд гарданд, омӯзгорон фиристода шаванд.  

Ӯ сафари ахираш ба Тоҷикистону Узбакистонро зикр карда, онро самарабахш хонд. Раиси “ЛДПР” бо даъвати кумитаҳои Думаи давлатӣ ба ҳамкории бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки вакилони ҳизби ӯ  бо ин кишварҳо муносиботи зич роҳандозӣ хоҳанд кард.