Раҳмон дар Данғара бинои нави коллеҷи тиббӣ ва корхонаи “Фарм Текс”-ро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Данғара дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоотҳои нав иштирок намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои нави коллеҷи тиббиро ифтитоҳ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷу пешбинӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рафт

Сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ соли 2015 оғоз шуда, фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи   иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дорои 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷхизоти таълимии муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки барои донишҷӯён дар синфхонаҳои Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара имкониятҳои фаррохи донишандӯзӣ муҳайё буда, онҳо бо истифода аз шароити арзандаи таълимӣ ба ҳайси мутаххассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба камол хоҳанд расид.

Инчунин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” - ро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти он аз наздик ошно шуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул будааст. Дар маҷмӯъ корхонаи мазкур 13 номгуи маҳсулотро истеҳсол менамояд.

Хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона аз Олмон дастрасу насб гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.

Машварати кории Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Суғд

Манбаъ иттилоъ додааст, ки корхона дар як шабонарӯз имконият дорад, ки 2 ҳазор килограм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

“Ҳамзамон барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чубчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва инчунин аз омехтаи пахта ва маводҳои сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” асосан пахтаи  пастсифатро коркард карда, бидуни истифодаи хлор тариқи техналогияи муосир аз он пахтаи гиграскопии сафедкардашуда ва дигар номгуи маҳсулоти тиббӣ омода менамояд.  

Зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, гузашта аз ин тавлиди ин навъи маҳсулот дар кишвар роҳандозӣ нашуда буд.

Резондӣ: шӯхӣ, доварӣ ва эроди Раҳмон дар озмунҳои Суғд (АКС)

“Маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд. Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгуи маҳсулот ба пурагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад”, - афзудааст манбаъ.

Корхонаи навтаъсис бидуни партов фаъолият намуда, пасмондаҳои маҳсулот барои духтани курпа,  курпача, ҷома ва дигар номгуи сару либос ба занони хонашини соҳибҳунар тақсим карда мешавад, ки аз ин ҳисоб онҳо даромад ба даст меоранд.

Пас аз ифтитоҳи навбати аввали корхона Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли докаи тиббӣ ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин давоми 8 моҳ, марҳилаи дуюуми корхона ба истифода супорида хоҳад шуд.

Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ корхона дар оянда имконият дорад, то 3 миллион метри мураббаъ докаи тиббӣ, 10 миллион адад маҳсулоти алоҳидаи бастубандшудаи бинт, салфетка ва уребчаву маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол намояд.