ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дода, афзуд, ки баробари Тоҷикистон инчунин даъватнома ба Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон, Узбакистон, ИМА, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин фиристода шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон тасмим гирифтааст, як ҳайатро аз Шӯрои олии кишвар ба Маскав равон кунад. Дар ин мулоқот инчунин иштироки ҳайати созмони мамнӯи “Толибон” аз дафтарашон дар Доҳа дар назар аст. Машварати мазкур дар сатҳи муовинҳои вазирони умури хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилоияи расмӣ, мулоқотро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ифтитоҳ хоҳад кард.
Вазорати умури хориҷии Русия таъкид намудааст, ки ҳалли қазияи Афғонистон танҳо тариқи сиёсӣ бо ҷалби васеи кишварҳои ҳамсоя ва шарикони минтақавии ҷумҳурии исломӣ имконпазир аст.