“Гурӯҳакҳои хуфтаи” террорстӣ дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд

Тибқи омори коршиносон, “гурӯҳакҳои хуфтаи” террористӣ дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсуд ҳузур доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Владимир Григорев, намояндаи Маркази зидди террористии ИДМ, дар бораи ҳузури “Гурӯҳакҳои хуфтаи” террористӣ дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон хабар дод. .

“Тибқи баъзе аз омоҳои коршиносон, “гурӯҳакҳои хуфтаи” террористӣ дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсуд ҳузур доранд”,- гуфт Григорев.

Замир Кабулов: Ҷангҷӯёни ДОИШ мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором созанд

Қаблан, роҳбари Маркази зидди террористии ИДМ Андрей Новиков хабар дода буд, ки дар ҷустҷӯи байнидавлатии кишварҳои ҳамсуд барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ беш аз 9 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, қарор доранд.

“Ба ҳолати сентябри соли равон дар ҷустуҷӯи байнидавлатии кишварҳои ҳамсуд барои содир намудани ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ беш аз 9 ҳазор шаҳрванди кишварҳои ИДМ қарор доранд. Наздик ба 5 ҳазори он шахсоне мебошанд, ки бар ивази пул дар кишварҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ташкилотҳои террористии байналмилалӣ, бар зидди ҳукумати қонунӣ меҷангиданд”, - гуфт Новиков.