ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод довталабони кор ба ҳайси мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф, ки маоши мансабии он - 804 сомонӣ мебошад, бояд то 6 ноябри соли равон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.
Манбаъ дар феҳрасти талабот аз довталабон, малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office – ро зикр кардааст.
Вазорати маориф дар сомонааш таъкид намудааст, ки инчунин довталаб бояд малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатиро дошта бошад.
Ин ниҳод нишонии қабули ҳуҷҷатҳоро, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - ҳуҷраҳои 400, 412 нишон дода, таъкид намудааст, ки санадҳо то 6 ноябри соли 2018, ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00 қабул мешаванд.
Манбаъ таъкид кард, ки озмун рӯзи 13 ноябри соли 2018 соати 10:00 баргузор мегардад ва довталабон барои иттилои бештар метавонанд тариқи суроғаи электронӣ - mort@maorif.tj, телефон - 227-67-07 ва ё факс 221-70-25 муроҷиат кунанд.