Муштзан баъди мағлубият ба мураббии худ ҳамла кард (ВИДЕО)

Леван Шония, муштзани гурҷӣ баъди шикаст дар майдон ба мураббии худ ҳамла кард
Sputnik

Тибқи навори қазия, ки дар интернет нашр шудааст, Леван дар пайи эълони хулосаи доварон, ки пиӯзиро ба рақибаш – Спас Генови булғорӣ доданд, ба хашм омад.

Нахуст бо изҳори норозигӣ мехост, сӯи рақибаш ҳамла кунад, аммо баъдан ғазабашро болои мураббии худ, ки мехост ӯро ором кунад, фурӯ рехт.

Сабқати мазкур дар шаҳри София баргузор шуда, шикасти Шония 12-умин дар собиқаи варзишияш мебошад.