Эмомалӣ Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов – дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё

Маркази исломии таҳқиқоти стратегии Умон, феҳрасти ҷадиди 500 мусалмони таъсиргузор – “The Muslim 500-2019” – ро таҳия кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар сархати  феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон ҷой гирифтааст. Абдулазиз оли Сауд, шоҳи Арабистони Саудӣ дар мақоми дуюм, Абдуллоҳи 2, шоҳи Урдун дар мақоми 3 ва Оятуллоҳ Хоманеӣ, роҳбари Эрон, дар ҷои чорум қарор гирифтаанд.

Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Тибқи ин пажуҳиш, нуфузу эътибори Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиён, дар ҷаҳон афзоиш ёфта, дар феҳрасти ҷадид дар мақоми 36-ум қарор гирифтааст. Қаблан Оқохони IV дар мақоми 40-ум қарор дошт.

Муҳаммад Саллоҳ, футболбози мисрӣ низ ба феҳрасти 50 мусалмони таъсиргузор ворид шуда, мақоми 46-ум гирифтааст.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор шомил шудааст.  Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин феҳраст Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар мебошад.

Ба ин рӯйхат аксаран роҳбарони кишварҳои мусалмоннишин, намояндагони фарҳанг, варзиш, аз ҷумла Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Муҳаммад Саллоҳ, Салмон Хон, Самӣ Юсуф ва дигарон шомил гардидаанд.