Убайдуллоев ва Матвиенко дар Маскав масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд

Форуми байнипарлумонии Русияву Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин дурнамои ҳамкории ду кишвар дар бахши илм ва маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik.  Дар пойтахти Русия, форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” дар Маскав рӯзҳои 24-26 октябр баргузор мегардад.

Матвиенко ва Убайдуллоев аз ҳоли омӯзгорони рус дар Душанбе хабар гирифтанд

Форуми VI байнипарлумонии “Русия–Тоҷикис­тон: неруи ҳамкории байни­­минтақавӣ” бо ширкати фаъолонаи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Русия, вазорату сохторҳои марбутаи Россия ва доираи васеи соҳибкорон баргузор мегардад.

Дар ин бора хабар додааст Шӯрои Федератсияи Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, форуми мазкур таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мешавад.

Дар доираи форуми мазкур, масъалаҳои ҳамкориҳои байнипорлумонӣ миёни Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, роҳҳои беҳтар намудани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳои фарҳангиву гуманетарӣ.

Убайдуллоев бо даъвати Матвиенко ба Петербург рафт

Ҷонибҳо ба равон намудани омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикистон ва китобҳо ба забони русӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳанд кард.

 Дар чаҳорчӯби кори форум ҳамчунин ҷаласаи Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ, мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки Форуми байнипарлумонии Россия ва Тоҷикистон мунтазам ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.