ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, тими “Истиқлол” бар дастаи “Душанбе-83” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Дастаи “Хуҷанд” барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко – Арена”-и шаҳри Турсунзода тими мизбон “Регар-ТадАЗ” – ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
ФФТ ҷузъиёти дигари ин бозиҳоро ироа накардааст, аммо мухлисони тими Хуҷанд мегӯянд, дар Турсунзода латукӯб сурат гирифт.
Ба гуфтаи бархе аз мухлисони тими Хуҷанд, баъди шикаст футболбозони дастаи “Регар Тадаз”, капитани тими “Хуҷанд”, Манучеҳр Аҳмадовро, ки дар меҳмонӣ қарор дошт, латукӯб намудаанд.
Гуруҳи мухлисон аз ФФТ дархост кардаанд, гунаҳкорони ин қазия ҷазо бигиранд, то чунин қоидавайронкуниҳо такрор нашаванд.
Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон 21 октябр баргузор хоҳанд шуд.