Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷашни бузург дар Хоруғ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кардааст, ки ҷашни ҷумҳуриявии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ таҷлил гардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар ин бора Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми октябр дар ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар Хоруғ иттилоъ додааст.

Ҷаласаи ВМКБ : таъкиди Ятимов ва Юсуф Раҳмон, иқрори Ёдгор Файзов - дар як моҳ намешавад

Ятимов ин тасмими Эмомалӣ Раҳмонро боз як намунаи қадршиносии  сарвари  давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол шарҳ дод. 

“Ин нақшаи неку созанда ҳар сокини солимфикри вилоятро водор месозад, то баҳри таҷлили сазовори ин ҷашни таърихӣ омодагии ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дида, дар вусъати корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ намоянд”, - изҳор доштааст Ятимов.

Бар асоси иттилоияи расмӣ, Ятимов зимни ҷаласа дар Хоруғ изҳор доштааст, ки дар маҷмуъ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар вилоят бунёду азнавсозии 90 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дар назар аст.

Таҳкими тадобири амниятӣ дар Хоруғ ва дархости сокинони ВМКБ аз Ҳукумат

Худи Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар гуфт, ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ, дар давоми се соли оянда, илова ба 378 иншооте, ки тибқи қарори Ҳукумат тасдиқ гардидаанд, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегардад.

“Аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд. Яъне бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои нав, ки боиси хеле ободу зебо шудани кишвари азизамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мегарданд, майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат мебошад”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.