Муътабар-апаи ришдор дар Эрон роҳбари “ДОИШ” муаррифӣ шуд

Чанде аз расонаҳои хабарии Эрон, қаҳрамони як гузориши Sputnik - Муътабар Тораева, зани ришдор аз вилояти Туркистони Қазоқистонро яке аз роҳбарони созмони террористии “ДОИШ” муаррифӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Чанде аз расонаҳои эронӣ, аз қабили fararu.com, khabarban.com, tadbir24.ir хабар доданд, ки бар асари зарбаҳои мушакии Эрон дар шаҳри Ал-Букмали Сурия яке аз аз роҳбарони “ДОИШ”,  Абу Алӣ ал-Машҳаданӣ кушта шуд.

Муътабар Тораева - зани ришдор: шавҳарам ҳамеша бо риши ман ифтихор мекард

Тибқи иттилои РИА Новости, зимни нашри ин хабар расонаҳои Эрон акси Муътабар Тораева, зани ришдор аз Қазоқистонро нашр намудаанд.

Қаблан Sputnik Қазоқистон суҳбат бо Муътабар Тораеваи 70-соларо нашр кард, ки 35 соли охир бо риш зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, бо ин доди Худо фахр мекунад.

“Шавҳарам ҳамеша бо ман фахр мекард. Мегуфт, ки ман ягонаи ӯ ҳастам ва касе мисли вай зан надорад” – зикр карда буд Муътабар.

Ҳамсари зан, ки музадӯз будааст, ҳафт сол пеш  вафот кардааст.