Рақами 1: ду туҳфаи футболбозони навраси тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)

Мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, медали нуқраи Ҷоми Осиёро тақдим кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи гузориш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони наврас, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин либоси варзишии тими наврасон бо номи Эмомалӣ Раҳмон ва рақами 1 дар пушт туҳфа намуданд.

Мулоқоти Раҳмон бо футболбозони наврас ва тақдими 20 000 сомонӣ ба ҳар яки онҳо (АКС)

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар узви Дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Тоҷикистон, барандаҳои нишони нуқраи Ҷоми Осиё, 20 ҳазор сомонӣ дод.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ аз Фонди захиравии раисиҷумҳур ба 33 нафар, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.