"Насиҳат"-и Путин ба Ҳабиб: мо оилаи калоне ҳастем, ки дар он ягон "ҷаҳиш" набояд бошад

Ҳабиб ба раисҷумҳур гуфт, ки умед дорад, "тафтишот ба фоидаи вай анҷом меёбад". Владимир Путин изҳор дошт, ки дар ҳама гуна варзиш бояд қоидае бошад, ки онро варзишкорон риоя кунанд. "Мо мефаҳмем, ки онҳо махсус карданд",- гуфт Путин дар ишора ба ҷанҷоле, ки пас аз муҳориба сар зад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин пас аз ҳамоиши "Русия - кишвари варзиш" дар Уляновск бо қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва падар ва мураббиаш Абдуманон Нурмуҳаммедов мулоқот кард.

Дар мулоқот раисҷумҳур варзишкорро бо пирӯзиаш шодбош гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки Ҳабиб бо рақибонаш "забон" меёбад.

"Туро табрик мекунам ва ба ту муваффақиятҳо хоҳонам. Ин албатта варзиши тиҷоратӣ аст, вале дар умум варзиш аст. Ман бо онҳое розӣ нестам, ки мегӯянд, ин намуди варзиш қоида надорад. Барои мо муҳим буд, ки шаҳрванди кишвари мо муҳориба мекард ва мо бозиро бодиққат пайгирӣ мекардем", - изҳор дошт раисҷумҳур.

Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо Владимир Путин мулоқот мекунад

"Ман ҳамчунин аз падарат хоҳиш мекунам,  ки туро сахт ҷазо надиҳад", - афзуд Путин.

Нурмуҳаммедов ба раисҷумҳур гуфт, ки умед дорад, ҳайъати UFC ва рақибонаш на танҳо "аз панҷара ҷаҳидани вай", балки бозиашро низ ба назар мегиранд.

"Ман ҳам умед дорам, ки онҳо на танҳо ҷаҳиданамро ба назар мегиранд, балки баромадамро баҳодиҳӣ мекунанд. Зеро ман  бад баромад накардам. Нисбат ба ӯ (Конор - идора), ки ноҳурматӣ мекард. Дар  баъзе ҳолатҳо ман низ худро идора  карда натавонистам. Зеро онҳо дар рафти муҳориба низ иғво мекарданд. Умед дорам, тафтишот ба фоидаи мо ба анҷом мерасад", - гуфт  вай.

Раисҷумҳур дар посух ба Ҳабиб гуфт, "мо мефаҳмем, ки кори онҳо махсус буд". Путин шаҳрвандони Русияро як оилаи калон номид, ки бояд дар байнашон ҳамдигарфаҳмӣ бошад.

"Мо мефаҳмем, ки кори онҳо махсус буд. Дар дохили кишвар ҳамчун як оила ҳастем, инҷо ҳарчи ки рух надиҳад, бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Албатта ҳар кор шуданаш мумкин, вале мо ҳеҷ вақт ба худ иҷозат намедиҳем, ки аз доираи чорчӯба берун бароем, аммо агар аз берун ҳуҷум кунанд, на танҳо ту, балки мо ҳам чунин меҷаҳем, аммо хуб мешавад, ки кор то он нарасад", - изҳор дошт Путин.