ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шоми гузашта дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ва Рӯзи фалак ва 80-солагии Одина Ҳошим маросими фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Дар он ҳунармандони тоҷик Афзалшоҳ Шодиев, Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Ҷамшед Исмоилов ва дигарон аз ҳунар ва зиндагонии ҳофизи мардумии Тоҷикистон Одина Ҳошимро ёд карданд.
Одина Ҳошимов – ҳофизи хушхон, ин фарзонафарди майдони ҳунар 13-уми июни соли 1937 дар деҳаи Нимдараи ноҳияи Даштиҷуми ҳозира ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон, дар оилаи санъаткори шинохта, мусиқидони варзида, Ҳофизи халқии ҷумҳурӣ Ҳошим Қосимов таваллуд шудааст.
Ӯ се сол дар шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе аз устодони сахтгиру серталаб нозукиҳои навозандагию сарояндагӣ аз бар карду соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фоъолияти кориашро аз театри халқии ноҳияи Москва ба сифати режиссёр оғоз намуда, то соли 1962 дар ин пеша масъулият нишон дод.
Соли 1962 ба зимаи Одинаи ҷавон вазифаи сарварии театри драмаи мусиқии шаҳри Кулобро вогузоштанд. Муддати 13-сол дар ин кори пурзаҳмат ифои вазифа намуда, аз соли 1975 то соли 1980 ба сифти солисти театри мазкур кор кард.
Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимро шуҳратёр намуд, ин ҳунари фалакхонию фалакдонии ӯст.
Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардонидани асари сертаркибаи "Фалак" хизмати шоистаеро касб кардааст.
Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо машҳуртарин фалаксароён, бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов ва Шариф Ҷураев дар як поя қарор дошту шӯҳраташ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд.
Ва метавон зикр кард, ки худ аз мактаби ҳунари санъаткорони мумтози кишвар таҷриба гирифта, ҷавобан ба ин шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст.
Одина Ҳошим бо услубу равияи хос ва шеърдонию шеършиносӣ дар байни мардуми мамолики Шарқ обрӯю эътибори беандоза дошт.
Пеш аз ҳама мувофиқати комили мазмуну шеъру оҳанг, дарки ниҳоят хуби тарҳу вазн, усулу савт, нолаи дилрабою ороиши оҳангӣ, шунавоии мутлақ ва ҳифзу аз худ кардани садҳо байту шеър бозгӯи забардастии ин санъаткори моҳир аст.
Хизматҳои шоёни ин марди шариф бо унвонҳои фахрӣ, аз қабили медали "Барои меҳнати шуҷоатнок", Грамотаҳои Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон ва ҷоизаи Лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст.
Одина Ҳошим 16 ноябри соли 1993 вафот кардааст.