Варзишкории номии тоҷик барои истифодаи допинг аз сабқатҳои самбо маҳрум шуд

Федератсияи самбои байналмилалӣ Умед Ҳасанбековро муваққатан аз ҳуқуқи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кардааст. Феълан маълум нест, ки варзишкори тоҷикро боз кадом муҷозот интизор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Федератсияи самбои байналмилалӣ  (FIAS) варзишкори тоҷик Умед Ҳасанбековро барои истифодаи допинг ё доруҳои нерӯбахш  аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваққатан маҳрум кард.

Ба иттилои FIAS, баробари варзикори тоҷик  самбокорони рус Никита Яшин ва Аслан Камбиев  аз допинг истифода кардаанд.

Ду медали нуқраи гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии самбо

Ба маълумоти федератсия, Умед Ҳасанбеков  маводҳоеро, ки Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) мамнӯъ эълом кардааст (Stanozolol - 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) истифода бурдааст.

FIAS Умед Ҳасанбековро муваққатан аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард. Аммо феълан маълум нест, ки Федератсияи самбои Тоҷикистон варзишкорро   чигуна танбеҳ медиҳад.

Умед Ҳасанбеков моҳи гузашта дар XVIII бозиҳои тобистонаи Осиё, ки дар Индонезия баргузор шуд, медали биринҷиро соҳиб гашт. Акнун Ҳасанбековро метавонанд аз медалаш маҳрум кунанд. Дар феҳристи ҷаҳонии самбокорон Ҳасанбеков дар вазни 90 кг мақоми 12-умро ишғол мекунад.