Ибодулло Машраб: дар Маскав аз пешрафтҳои Тоҷикистон хурсанданд

Ходимони санъати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия, ки 7 октябри соли равон оғоз шуд, дар саҳнаи нави Театри калони давлатии академии Русия баромад карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik.  Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия аз 7 то 10 октябр баргузор мегарданд. Дар ин давра дар Китобхонаи давлатии Русия дар Маскав намоиши аксҳои аксбардори маъруфи Тоҷикистон, Заур Дахте ва китобҳои адибони кишвар ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ибодулло Машраб, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, ташкили рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русияро, як рӯйдоди муҳим дар таърихи дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Русия арзёбӣ кард.

Дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад

Вай таъкид намуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар намудани равобити фарҳангӣ, қабл аз оғози барномаи консертӣ, барномаи ҳамкорӣ миёни намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.

Ӯ афзуд, ки бо имзои ин санад ҳамкориҳои аҳли фарҳанги Тоҷикистону Русия боз ҳам зичтару беҳтар мегарданд.  

“Мақомоти баландпояи Тоҷикистон борҳо таъкид карда буданд, ки Русия барои кишвари мо шарики асосӣ ва стратегӣ мебошад. Дар зиндагии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Русия саҳми бузурге дорад”, - гуфт вай.

Инчунин Ибодулло Машраб таъкид намуд, ки дар Маскав бо дастгирии ҳамаҷонибаи Русия созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид, ки барои мардуми Тоҷикистон тақдирсозу деринтизор дониста мешавад.

“Бо имзои ин созишнома алакай 20 сол аст, ки дар қаламрави кишвари мо сулҳу оромист”, - гуфт ӯ.  

Ибодулло Машраб таъкид намуд, ки ҳадаф аз баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия, наздиктар ошно кардани мардуми Русия ба ҳамаи эҷодиёти беҳтарини расомон, аҳли ҳунар ва аҳли қалами кишвари мо  мебошад. Вай гуфт, ҳадафи асосӣ бештар ошно сохтани мардуми Русия ба фарҳангу кишвари тоҷикон аст.

Аз Давлатманд Холов то Таҳмина Ниёзова: ҳунарнамоии овозхонони тоҷик дар Маскав

“Бояд бигуям, ки он шахсони оддиву расмие, ки ман тули ин рӯзҳо ҳамсуҳбат шудам, аз пешравиҳои кишвари мо хеле хушҳоланд. Онҳое, ки як бор ба Душанбе рафтанд ё умуман нарафтанд ва аз расонаҳои иттилоотӣ дар бораи Тоҷикистон диданду шуниданд, аз пешравиҳои ҷумҳурии мо дар ҳама самтҳо бисёр хушнуд ҳастанд. Онҳо ҳоло орзӯи ба Тоҷикистон рафтанро доранд”, - афзуд вай.

Ба гуфтаи муовини вазир, Тоҷикистон барои баргузории рӯзҳои фарҳангаш дар Русия барои сокинони шаҳри Маскаву Санкт-Петербург беҳтарин устодони санъати Тоҷикистон ва ҳайатҳои беҳтарини консертиро овардааст.

Илова бар ин, дар даромадгоҳи Театри калон асарҳои рассомони муосири тоҷик ва аксҳои аксбардори машҳури Тоҷикистон Заур Дахте ба номи   “Тоҷикистони муосир” ба намоиш гузошта шудааст.

“Барои меҳмонон ансамблҳои рақсии «Лола», «Парасту», ҳунармандони халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов, Давлатманд Холов, инчунин овозхонон Шарофат Усмонова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Соибназар Аловатов, Хуршед Иброҳимов, Зафар Абдуалимов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, Таҳмина Ниёзова ва Манучеҳр Раҳмонов барномаи ҳунарии худро пешниҳод мекунанд”, - гуфт вай.

Инчунин имрӯз 8 октябри соли равон ҳунармандони тоҷик ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик дар Театри калони драмавии ба номи Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд.

Рӯзҳои 8-10 август даромад ба намоишгоҳҳо ройгон аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бори охир соли 2015 доир гардида буданд. Бори охир рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар шаҳрҳои Маскав, Калининград ва Раменскойи вилояти Маскав баргузор шуда буд.