ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар рӯзи 11 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бахшида ба 10-солагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” таҳти унвони “Дастовардҳо ва имкониятҳои нав” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, анҷумани мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” доир ва дар он дастовардҳои кунунӣ ва густариши фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Тавре манбаъ хабар додааст, дар Анҷуман дар қатори фароҳам овардани замина барои барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя низ муҳокима хоҳанд шуд.