Сӯҳбати Раҳмон бо императори Ҷопон Акихито дар рӯзи зодрӯзаш

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти бо Императори Ҷопон Акихито масъалаҳои рушду тавсеаи бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои молиявӣ, ҷалби сармояи мустақими Ҷопон ба иқтисодиёти кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши хусусиро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷопон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  дар шаҳри Токио бо императори Ҷопон Акихито мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу сифати муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Боздиди Раҳмон аз “Қалъаи Ниҷоҷо” дар Киотои Ҷопон

"Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар марҳилаи рушду тавсеаи бештар қарор дошта, то имрӯз байни ду кишвар зиёда за 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ карда шудааст”, - таъкид доштаанд ҷонибҳо.

Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон барои  дастгириҳои пайваста дар таълим ва таҷрибаомӯзии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои таълимии Ҷопон дар доираи барномаҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва кумакҳои техникию гуманитарӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷопон рафт

Дар мулоқот ҳамчунин муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими тадбирҳои идоракунии сарҳади давлатӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон табодули афкор шуд.