Пешниҳоди Шойгу барои ҷалби тоҷикону дигар халқҳо ба Сибир

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, ки худ зодаи Сибир аст, муҳайё кардани шароити хуби зиндагиро роҳи беҳтарини ҷалби одамон ба ин минтақаи дурдаст хондааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шойгу дар суҳбат  бо маҷаллаи “Неизвестная Сибирь” дар мавриди мушкили камаҳолӣ шудани ин минтақа изҳор доштааст, ки танҳо бо ҷамъомадҳо, оҳкашию заифнолиҳо ва қаҳванӯшиҳо таваллуд ва аҳолӣ зиёд намешавад.

Муҳоҷир не, шаҳрванд шав: раванди нав дар сиёсати Русия

Ба гуфтаи вазири дифои Русия мушкили аҳолии кам дар Сибир нав нест ва танҳо бо гап бартараф намегардад.

Ӯ замони Русияи подшоҳӣ ва Иттиҳоди Шӯравиро зикр кардааст, ки бо додани имтиёзҳои гуногун ва татбиқи барномаю иншооти давлатӣ мардумро ба Сибир ҷалб мекарданд.

Шойгу сохтмонҳои комсомолиро ёдрас кардааст, ки барои татбиқи онҳо шаҳрвандони зиёд ба Сибир ҷалб мешуданд.

“Вақте мо дар Саяногорск корхонаи тавлиди алюминий месохтем, ҷавонони зиёд аз Тоҷикистон, Белорус ва назди Балттика ба ин шаҳр меомаданд ва синни миёнаи аҳолии он 29 сол буд”, - изҳор доштааст Шойгу.

Ӯ таъкид намудааст, ки он сиёсати рушди Сибир ва Шарқи дурро таҳким бояд дод,  шароити зиндагиро беҳтар бояд кард, то мардум ҷалб шаванд.

Сиёсати нав: яке аз доротарин минтақаҳои Русия ба муҳоҷирон хона медиҳад

“Ин ҷо бояд як навъ пойтахт, маркази молиявию саноатӣ ташкил шавад, ки такони бузург барои рушди замини Сибиру Шарқи Дур гардад”, - изҳор доштаст Шойгу.

Суҳбати Шойгу аз ҷалби шаҳрвандон ба Сибир ва зикраш аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран мақомоти тоҷик аз шаҳрвандони худ хостанд, таваллудро камтар кунанд.  

Феълан аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 9,1 миллион нафарро ташкил медиҳад ва мақомоту созмонҳои байналмилалӣ нигаронанд, ки бо чунин суръати рушд шиддати иҷтимоӣ низ бештар мегардад.

Ахиран Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон коҳиши таваллудро тавсия дода, сатҳи баланди бекорӣ, муҳоҷирати зиёд ва фақри густурда дар кишварро ба зиёд будани таваллуд рабт додааст.