ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ташрифи расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Киотои Ҷопон аз боздиди “Қалъаи Ниҷоҷо” оғоз шуд.
Ба иттилои манбъ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Қалъаи Ниҷоҷо” бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар Киотои 17 макони таърихӣ мавҷуд аст ва “Қалъаи Ниҷоҷо” дар байни онҳо мақоми хоса дошта, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.
Асосгузори “Қалъаи Ниҷоҷо” Токугава Иэясу буда, бунёди он соли 1601 оғоз гардида, соли 1626 ба анҷом расидааст.
Майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.
“Қалъаи Ниҷоҷо” ҳамчун қароргоҳи императори Киото бунёд шуда буд. Худи қасри император бошад, дар кисми шимолу шарқии қалъа ҷойгир аст.
Соли 1939 “Қалъаи Ниҷоҷо” ба макони сайру саёҳати одамон тадбил дода шуд. Дар ҳудуди қалъа якчанд боғ ва дарахтзори олу ва олучаҳои японӣ мавҷуд аст. Боғи Ниномару аз ҷониби меъмор ва усто Кобори Эншу бунёд шудааст.