ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Ҳаҷми воридоти нақлиёт дар Тоҷикистон 76,3 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Ҳаҷми маблағи умумии воридот дар моҳҳои январ-августи соли равон 196,6 миллион долларро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳанда 111,5 миллион долларро ташкил медод.
Ҳамин тавр, ҳаҷми воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон 85,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Инчунин, манбаъ такид намудааст, ки содироти нақлиёт ба хориҷ аз кишвар дар зарфи ҳашт моҳи соли равон 75,7 дарсад коҳиш ёфтааст.
Новобаста аз афзоиши воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон талабот дар бозори дохилӣ кам боқӣ мондааст. Эҳтимол меравад теъдоди мошинҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти мошинҳои боркаш барои татбиқи лоиаҳои сармоягузорӣ афзоиш ёфтааст.
Мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон аз кишварҳои Балтика ва Аврупо ворид мегардад. Мошинҳои боркаш бештар аз Чин вориди кишвар мешаванд.
Бештар ба Тоҷикистон мошинҳои кӯҳна ворид мегарданд, ки арзишашон нисбат ба мошинҳои нав арзон мебошад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, шурӯъ аз санаи 15-уми феврали соли 2018 воридоти ҳамагуна мошинҳои соли бароришашон аз 2005 поён манъ карда шуд.