Дар вилояти Суғд даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад

Тибқи қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд моҳҳои октябр- ноябри соли равон даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Суғд сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, 7 сентябри соли равон қарор дар бораи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба тасвиб расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилоят.

Раисҷумҳур ҷавонписаронро ба хизмати ҳарбӣ даъват кард

Ба гуфтаи манбаъ, тибқи қарори мазкур моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват карда мешаванд

Тибқи қарори мазкур барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссияи вилоятӣ бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъсис дода мешавад.