Хонаи резинӣ: зани рус дар манзилаш 400 муҳоҷирро ҷой кард

Сокини шаҳри Тюменро барои сабти номи қалбакии 430 муҳоҷир дар хонааш, 150 ҳазор рубл ҷарима карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар Тюмен боз як “хонаи резинӣ” ошкор шуд, ки дар он 430 муҳоҷир аз кишварҳои ҳамсуд ғайриқонуни сабти ном шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии додситонии вилояти Тюмен.

Тавре, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум кардаанд аз моҳи августи соли 2017 то марти 2018 сокини Тюмен ба ВУД ин минтақа  бораи сабти номи 430 муҳоҷир аз Озорбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дархост равон намудааст.

Муҳоҷир не, шаҳрванд шав: раванди нав дар сиёсати Русия

Ба гуфтаи манбаъ,  дар хонаи мазкур, ки аз се ҳуҷра иборат будааст,  ғайр аз худи зан  волидайнаш, хоҳараш бо шавҳараш ва се кӯдаки дигар зиндагӣ мекарданд.

Додгоҳ ин занро бо моддаи “ғайри қонуни сабти ном кардани шаҳрвандони хориҷӣ ” гунаҳкор дониста,  150 ҳазор рубл ҷарима кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан як мард аз вилояти Тюмени Русия дар хонаи худ 61 муҳоҷири меҳнатиро ғайриқонунӣ сабти ном карда буд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ин мард ҳуқуқ надоштаст худсарона муҳоҷиронро дар ин манзилаш сабти ном кунад.