ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Нахустин размоиши низомиёни Тоҷикистону Узбакистон, барои нобуд сохтани гурӯҳҳои террористӣ аз 18 то 22 сентябр дар вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба намояндаи Вазорати мудофиаи Узбакистон.
"Аз 18 то 22 сентябр низомиёни Узбакистону Тоҷикистон дар минтақаҳои куҳии вилояти Суғд размоиши муштарак барои нобуд сохтани гурӯҳҳои шартан террористӣ баргузор мекунанд", — тасдиқ кард ҳамсуҳбати оҷонсӣ.
Бино ба маълумоти вазорати дифоъ, дар размоиши муштарак наздик ба 600 нафар низомиёни Тоҷикистону Узбакистон иштирок хоҳанд кард. Размоиш дар пойгоҳи маркази таълимии "Чоррух-Дайрон" ва майдони тарпаандизии "Нурафшон"-и вилояти Суғд баргузор мегардад.
Моҳи марти соли равон зимни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикситон барои нахустин бор миёни Вазорати дифоъи ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Инчунин шартномаи байни давлатӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвил борҳои низомӣ ва борҳои махсусу гурӯҳи низомиён тариқи қаламрави ҷумҳурӣ ба имзо расида буд. Моҳи август намояндагони Вазорати дифоъи ду кишквар дар шаҳри Ташкент барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро барои соли 2018 ба имзо расонданд.