Ёди 131 марзбони кушта ва ҳушдори раисиҷумҳур: вазъи Афғонистон торафт мураккаб мегардад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Хоруғ аз 131 марзбон ёд кард, ки тайи солҳои Истиқлол ҷони худро ҳангоми хидмат, аз ҷумла дар амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ фидо карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз беҳбуди вазъи иҷтимоии марзбонон ва шароити хидмат суҳбат карда, изҳор дошт, ки дар зарфи 10 соли охир маоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ 22 баробар зиёд шудааст.

Аз ошхӯрии раисиҷумҳур бо сарбозон то гузашти низомӣ бо техникаи нав дар Хоруғ (АКС)

Раисиҷумҳур афзудааст, ки равандҳои хатарноки ҷаҳони муосир ва ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон моро водор месозад, ки барои омодабошии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, аз ҷумла қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешем.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки отряди сарҳадии "Хоруғ", аз 897 километр хатти сарҳади давлатии қаламрави вилоят бо Афғонистон, ҳифзи қариб 190 километри онро ба зимма дорад.

"Аз ҷумлаи отрядҳои сарҳадие мебошад, ки дар самти душвортарин қарор дошта, дар айни замон аз лиҳози шароиту кору хизмат, таъминот бо техника, шумораи ҳайати шахсӣ ва аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ пурқуваттарин отряди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур аз сарҳадбонон хостааст, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошанду бо мардум ҳамкории бештар кунанд.

Котиботи раисиҷумҳур: шароити сафар хатарнок буд, вале Эмомалӣ Раҳмон аз роҳ нагашт (АКС)

"Тавре ки пиронсолон мегӯянд, "сарҳадбонон дар Бадахшон гаҳвораҷунбонанд", зеро 114 деҳаи вилоят дар мавзеъҳои сарҳадӣ ҷойгир мебошанд ва оромиву амнияти мардум танҳо бо хизмати шабонарӯзии сарҳадбонон ва ҳамкории доимии онҳо бо сокинони маҳаллӣ таъмин мегардад. Бинобар ин, ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ зарур аст, ки бо ин мардуми равшанзамир ҳамкорӣ карда, ҳифзи сарҳади давлатиро боз ҳам тақвият бахшанд", — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ хостори машқҳои муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистон шуда, таъкид намудааст, ки ба ҳамин восита маҳорату малакаи касбӣ ва омодабошии ҷангӣ таҳким бахшида шавад.

"Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳимояи сарҳади давлатӣ бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо боз ҳам пурзӯр карда шавад", — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир раисиҷумҳури Тоҷикистон намояндагони сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, дар таъмини амнияти сокинони мамлакат ва тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун дар кишвар барору комёбӣ орзу намудаст.