Раҳмон гуфт, "ДОМ"-и Оқохон бо ташаббуси Ҳукумат сохта шуд: суҳбат аз қонун то имтиёзҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ таъкид кард, ки таълим дар донишгоҳ дар доираи барномаи тасдиқкардаи Вазорати маориф бо риояи қонунгузории кишвар дар ин бахш роҳандозӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар "ДОМ" таъкид кард, ки ташаббускори амалишавии ин лоиҳаи маърифатӣ Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

"Пеш аз ҳама, мо бунёди чунин як муассисаи байналмилалиро якҷо бо Фонди Оғохон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ амри зарурӣ донистем ва онро дастгирӣ кардем", — изҳор доштааст раисиҷумҳур.

Мушкил ҳал шуд: Нуриддин Саид созишнома бо "ДОМ" - и Оқохонро ба имзо расонд

Раисиҷумҳур зикр намудааст, ки айни ҳол шумораи умумии донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафар мебошад, ки онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буда, 55 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

"Мо имрӯз бо шароити кориву таълимии донишгоҳ шинос шуда, итминон ҳосил намудем, ки дар он заминаи бисёр пешрафтаву муосири таълим муҳайё карда шудааст", — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ илова намуд, ки нақшаҳои таълимии донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти фанҳои ҳатмии миллӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ карда шудаанд.

Оқохони IV: ДОМ-қувваест, ки метавонад зиндагии мардумро тағйир диҳад

"Роҳбарият ва устодону омӯзгорони донишгоҳро зарур аст, ки фаъолияти худро дар доираи барнома ва нақшаҳои таълимии аз ҷониби вазорат тасдиқгардида ба роҳ монда, эҳтироми анъанаҳои милливу умумибашариро таъмин созанд ва донишҷӯёнро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд", — зарур хондааст Эмомалӣ Раҳмон.

Бо зикри он ки дар Донишгоҳ намояндагони халқу миллатҳои гуногун ҷалб мешаванд, Эмомалӣ Раҳмон муҳим хондааст, ки баробари меъёрҳои байналмилалӣ, анъанаву суннатҳои неки миллати тоҷик, инчунин, урфу одатҳои халқҳои дигар риоя карда шаванд.

"Дар донишгоҳ, ҳамчунин, барои ятимони кулл ва маъюбони гурӯҳҳои якуму дуюм, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ имтиёзҳо муқаррар шудаанд", — иттилоъ додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Таъини нахустин ректори "UCA"-и Оқохон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон

Дар интиҳои суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар шаҳри Хоруғ ба устодону омӯзгорон, донишҷӯёни ин муассисаи навбунёд ва тамоми кормандони соҳаи маорифи кишвар табрик гуфта, барору комёбӣ орзу намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар заминаи шартнома аз моҳи августи соли 2000 якҷо бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Имомати Исмоилиён бунёд шудааст.

Муассисони донишгоҳ кампусҳои муосири таълимиву истиқоматиро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон, Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ва Текеллии Ҷумҳурии Қазоқистон бо тарҳи ягона бунёд кардаанд, ки дар онҳо тамоми шароити зарурӣ барои таҳсилу фароғати устодону донишҷӯён фароҳам оварда шудааст.