Эмомалӣ Раҳмон: бигузор мардум донанд, ки имомхатиби Дарвоз қурбонӣ накардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари корияш ба ВМКБ бо имом-хатиби ноҳияи Дарвоз суолуҷавоб орост
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Дарвоз имом-хатиби ноҳияро ба назди баландгӯяк хонда, дар мавриди аъмолаш дар Иди Қурбон суолҳо дод.

Раисиҷумҳур аз имом-хатиб суол кард, ки дар Иди Қурбон, ки ахиран гузашт, чӣ корҳоро анҷом дод ва посух шунид, ки ба 10 ятим кӯмак расонда шуд.  Ба суоли раисиҷумҳур, ки кӯмак аз ҳисоби кӣ расонда шуд, имом-хатиб изҳор дошт, ки аз ҳисоби масҷиди ҷомеъ.

Паёми шодбошии раисиҷумҳур: кӣ қурбонӣ кунад ва маънои ҳоҷӣ будан чист?

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз имом — хатиб суол кард, ки оё дар иди гузашта қурбонӣ кард ва посух шунид, ки на.

Ба суоли Эмомалӣ Раҳмон, ки барои чӣ қурбонӣ накардааст, имом-хатиб ҷавоб дошт, ки шароит надоштам.

Дар пайи ин ҷавоби имом-хатиб раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, маҳз ҳаминро ба мардум фаҳмондан даркор, ки қурбонию хайру садақот бояд дар доираи имконот роҳандозӣ шаванд.

"Ана ҳаминро ба мардум фаҳмондан зарур. Бигузор мардуми Дарвоз донанд, ки имом-хатиби ноҳия қурбонӣ накардааст. Барои он накардааст, ки хондааст, медонад, ки дин, ирфон мазҳаб чист, хайру савобро медонад.  Ба мардум фаҳмондан даркор, оне ки имконият надорад, шарт нест", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид кард, ки дар садақаю хайр ҳам меъёр ҳамин аст, ки он маҷбурӣ нест ва дар доираи имконот роҳандозӣ мешавад.