ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тоҷикистон баъди як соли танаффус тасмим гирифт, ки ҳайати расмии худро ба ҷаласаи солонаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки масоили ҳуқуқи инсон дар он баррасӣ мешаванд, фиристад. Ҷаласа аз 10 то 21 сентябр дар Полша баргузор мешавад.
Сайфулло Сафаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, соли равон ба ҳайати расмӣ аз кишвар собиқ аъзои Ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ низ шомил мебошанд.
"Ба ҳайати расмӣ Низомиддин Зоҳидзода, ноиби аввали вазири умури хориҷӣ, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти ВКХ, Рустам Азизӣ, ноиби мудири Маркази исломшиносӣ, собиқ аъзои ҲНИТ, устоди Донишгоҳи исломӣ Абдураҳим Каримов, Мавлавӣ Айёмиддин ва дигарон шомил мебошанд", — иттилоъ додааст Сафаров ба хабаргузории РИА Новости.
Сафаров, ки худ узви ҳайати расмӣ мебошад, иттилоъ додааст, ки нисфирӯзи 9 сентябр вориди Варшава мешаванд.
Аъзои феълии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳо, ки худро мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаанд, аллакай дар Полша қарор доранд ва аксҳои худро аз пойтахти ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.
Ахиран як гуруҳ ҷавонони Тоҷикистон алайҳи иштироки намояндагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар назди бинои дафтари САҲА дар Душанбе ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.
Туула Юрёля, роҳбари дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе дар посух ба эътирозгарон гуфт, иштирок дар ҳамоиши солонаи ин созмон дар Аврупо танҳо барои террористон ва зӯргӯён мамнуъ мебошад, ки бар асоси феҳрасти байналмилалии террористӣ муайян мешаванд.
Сафир изҳор доштааст, ки ҷаласаи солонаи САҲА барои баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар мавриди ҳуқуқи инсон, бузургтарин рӯйдоди сол дар ин бахш буда, имсол дар он 1800 намоянда аз 57 кишвари узв ва шарикон иштирок хоҳанд кард.