Дар шаҳри Санкт-Петербург гурӯҳи ҷинояткорони тоҷик дастгир шуд

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаш аъзои гурӯҳи ҷинояткоронеро, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, дастгир намуд. Гумонбаршудагон ба ду ҳолати роҳзанӣ дар майдонҳои сохтмонӣ айбдор мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гурӯҳи ҷинояткорони тоҷик ошкор шуд, ки аъзоёнаш ба ҳамлаву ғоратгарии мағозаҳо, майдонҳои сохтмонӣ ва идораҳои букмекерӣ машғул буданд, итилоъ додааст хабаргузории "Фонтанка".

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург шаш аъзои ин гурӯҳро, ки ҳамааш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дастгир намудааст.

Сад соли танҳоӣ: дар Саратов "банда" аз Тоҷикистону Узбакистон маҳкум ба ҳабс шуд

Гумонбаршудагон ба ду ҳолати роҳзанӣ дар майдонҳои сохтмонӣ айбдор мешаванд. Гумонбаршудагон ба майдонҳои сохтмонӣ ҳамла намуда маоши сохтмончиёнро ғорат мекардаанд. Чунин ҳолат рӯзи 4 сентябр дар хиёбони Комендантский сурат гирифт, ки дар натиҷа 6 милион рубл ғорат карда шуд.

Кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербург шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои истиқоматашон дастгир намуданд. Бузургтарин гумонбаршуда 30-сола мебоашд. Роҳбари гурӯҳ 28 сола, аммо хурдтарин аъзои ин гурӯҳ бо лақаби "Вайс" 25-сола будааст.