Соҳибкорону ҳунармандони Самарқанд ба вилояти Суғд меоянд

Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ 7 сентябр гурӯҳи калони намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд меояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанд дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд консерти муштараки ҳунармандони вилоятҳо таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Навори "Шоми дӯстӣ": ҳунарнамоии санъаткорони Тоҷикистону Узбакистон

Қарор аст дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанди Узбакистон ба вилояти Суғд дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи молу маҳсулоти вилояти Самарқанд баргузор шавад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки намоишгоҳи мазкур рӯзи 8 сентябр дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Инчунин тибқи нақша 8 сентябри соли равон бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳо дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Самарқанд гузаронида мешавад.