Дар 5 сония: Капут "Чингизхон"-ро "нокаут" ва довар буғӣ кард (ВИДЕО)

Ренат Латифов, варзишгари украинӣ бо тахаллуси "Чингизхон" дар 5 сонияи аввали рақобат бо Карло Капут, варзишгари хорватӣ шикаст хӯрд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар муҳорибаи омехтаи вазни то 68 кило  "Чингизхон" дар 5 сонияи аввал "нокаут" шуд. Латифов баъди зарба ва шикасти ғайриинтизор дар ҳолати парешонҳолӣ сӯи довар Армен Ананян ҳамла овард. Аммо довар барои ором кардани варзишгари мағлубшуда ӯро буғӣ кард.

Карло Капут дар муҳорибаҳои касбӣ 8 пирӯзӣ ва ягон мағлубият надорад. Латифов 34 пирӯзӣ ва 24 шикаст дорад.