Роҳи сафед: дидори Матвиенко бо омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон мераванд

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо гурӯҳи омӯзгорони русе, ки ба Тоҷикистон мераванд, дидор хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, бо як гурӯҳ омӯзгорони русе, ки фаъолияташонро аз 1 сентябр дар мактабҳои Тоҷикистон шурӯъ мекунанд, дидор ва мулоқот хоҳад кард, иттилоъ медиҳад "Парламентская газета".

Русия имсол ба Тоҷикистон ду баробар бештар омӯзгор мефиристад

Имсол беш аз 50 омӯзгори рус ба Тоҷикистон равон карда мешавад. Омӯзгорон ба кудакони тоҷик аз фанҳои забони русӣ, адабиёт, физика, химия ва ғайраҳо дарс хоҳанд гуфт.

Моҳонаи омӯзгорони Русияро Ҳукумати Тоҷикистон бар душ гирифта, Вазорати маорифи Русия ба онҳо иловапулӣ медиҳад. Ба гуфтаи Матвиенко, ба омӯзгорон шароити хуби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

Шояд дар оянда Русия чунин лоиҳаро дар дигар кишварҳои ҳамсуд низ роҳандозӣ кунад.

Русия ба Тоҷикистон 30 омӯзгор ва 70 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад

"Дар доираи дидорҳои парлумонӣ, ба кадом кишвари собиқи Шӯравӣ наравем, масъалаи омӯзгорон Русия ва китобҳои русӣ ба миён меояд. Ҳавасмандии худро ба ин лоиҳа Озарбойҷон ва Қирғизистон баён намуданд",- таъкид кард муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия доир ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова.

Дар барои роҳандозии лоиҳаи гуманетарӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта тасмим гирифта буданд. Соли гузашта дар мактабҳои Тоҷикистон 29 омӯзгор аз Русия фаъолият мекарданд. Омӯзгорон аз вилоятҳои мухталифи Русия, ки дорои таҷрибаи 5 солаи корӣ мебошанд, имкон доштанд дар озмуни мазкур иштирок намояд.