ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Русия, саг аз гулӯи Настя чанд бор газидааст ва сохтмончиёни тоҷик, ки фарёди кӯдакро шунидаанд, саривақт ба ҷои ҳамла ҳозир шуда, духтарчаро аз саги бадҷаҳл наҷот додаанд.
Дилшод Тоҳиров, падари 6 фарзанд аз Тоҷикистон, мегӯяд, саг танҳо баъди чанд зарба бо бел духтарро раҳо кард.
"Мо садои доду фарёдро шунидем ва ба кӯмак давидем. Вақте расидем, саг духтарчаро аз гулӯ мегазид. Баъди чанд зарбаи бел саг гурехт", — нақл кард Дилшод.
Ӯ изҳор доштааст, ки худаш падари 6 фарзанд аст ва дар чунин ҳолатҳо ҳеч кас наметавонад бетараф бошад. Сохтмончиёни тоҷик то расидани табибон кӯмаки аввалияи тиббӣ расонда, пеши роҳи хунравии шадидро гирифтаанд.
Настя ҷарроҳӣ шудааст ва ба гуфтаи табибон бояд таҳти назорату барқарорсозии тӯлонӣ қарор гирад.
Падари Настя бо изҳори миннатдорӣ ба сохтмончиёни тоҷик изҳор доштааст, ки духтараш чанд захми хатарнок барои ҳаётро бардоштааст.
"Бароям пайдо кардани сухани мувофиқ барои баёни миннатдорӣ мушкил аст. Ман аз ин инсон, ки духтарамро наҷот дод, хеле миннатдорам" — изҳор доштааст ӯ.
Соҳиби саги ҳамлагар муайян гардида, феълан таҳқиқи қазия идома дорад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, саги мазкур тирамоҳи соли гузашта низ ба модару кӯдакаш ҳамла кард, аммо он вақт пайомадҳои ҷиддӣ надошт.