Дипломатия: қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷудо намудани замин ба Узбакистон

Тоҷикистону Узбакистон созиш кардаанд, ки барои ҳамдигар замин ҷудо мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикстон бо қабули як қарор аз тасмим барои ҷудо намудани замин барои Узбакистон ҷонибдорӣ кардааст.

Қарори нави Ҳукумат: Раҳмон рафтуомади узбакистониҳоро ба Тоҷикистон арзон кард

Тибқи қарори Ҳукумат дар замини ҷудошуда бинои намояндагии дипломатии Узбакистон дар Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

Бар асоси созиши ҷонибҳо, Узбакистон низ барои Тоҷикистон замин ҷудо мекунад, ки дар он ҳам сохтмони бинои намояндагии дипломатӣ дар назар аст.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегиранд, ки муносиботи Тоҷикистон бо Узбакистон, дар аҳди роҳбарии Шавкат Мирзиёев хуб шуда, то ҳол ҷонибҳо даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондаанд.