Савоб ба ҷои сомонӣ: ҳайрати мусофирон вақте ронанда ба ҷои 5 сомонӣ дуо хост

Бархе аз ронандаҳои мусофирбари вилояти Суғд ба муносибати Иди Қурбон хизматрасониро ройгон ба роҳ мондаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Сокинони шаҳри Хуҷанд, иттилоъ доданд, ки имрӯз, 21-уми август дар Иди Қурбон бисёри ронандаҳо аз мусофирон ба ҷои маблағ дуо мехоҳанд.

Паёми шодбошии раисиҷумҳур: кӣ қурбонӣ кунад ва маънои ҳоҷӣ будан чист?

Фарзон, як мусофир, ки аз самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Хуҷанд рафтааст, изҳор дошт, ки ҳаққи роҳкиро дар ин масир вобаста ба масофа аз 1,3 то 5 сомонӣ мебошад.

"Вақте саворе шудем, пул дароз кардем, аммо ронандаи тақрибан сисола гуфт, имрӯз ройгон хизмат мекунад ва ба ҷои роҳкиро дуо хост. Мусофирон аввал дар ҳайрат монданд ва баъд дуоҳои тӯлонӣ дар ҳаққи ронанда кардем", — гуфт Фарзон. 

Ӯ таъкид намуд, ки соли равон мусофирбарии ройгони ронандаҳо нисбати солҳои пеш зиёд ба назар мерасад.

Кумитаи дин гуфт дар иди Қурбон "исрофкорон" ва "қиматфурӯшон"-ро ҷарима мекунад

"На ҳамаи мусофирбарҳо ҳанӯз ройгонанд, аммо бисёри ронандаҳо дар рӯзи ид ройгон хизмат мекунанд", —изҳор дошт ӯ.

Мусофирбарии ройгон дар идҳои динӣ барои бисёре аз ронандагон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.

Ин дар ҳолест, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар арафи Иди Қурбон сокинонро амалҳои хайру савоб даъват кард.

"Анҷом додани амалҳои неку савоб набояд танҳо дар доираи Иди Қурбон маҳдуд шавад, балки ҳамчун як рукни муҳим ва доимии фаъолияти созандагии мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо минбаъд низ идома ёбад", — изҳор дошт раиси Суғд.

Ӯ таъкид намуд, ки мансабдорон,  имом-хатибони масҷидҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳу соҳибимкон вазифадоранд, ки барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рўзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо иқдоми хайрхоҳона намоянд.