"Фалонам дар фалонат": ҳабси ронандае, ки ҷавонзанро дар Душанбе дашном дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, баъди нашри навори дашноми ҷавонзан аз сӯи як ронанда дар маркази Душанбе, нафари муттаҳам муайян ва боздошт гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 18 август, муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Файзуллозода Лутфуллои Муртазо, ронандаи 26-солаи "Опел-Астра", сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон мебошад.

Ҳабсу рӯбучин: саргузашти "ҷияни тойотасавори генерал", ки ҳамаро дашном дод

Дар наворе, ки 17 август корбарони фейсбук нашр карданд, ронанда дар маркази Душанбе назди ҷавонзане, ки дар роҳи пиёдагард ҳаракат мекард, мошинро манъ карда пешниҳод намуд, ки "биё бепул мебарамат". Баъде, ки ҷавонзан таваҷҷуҳ намекунад, ҷавон "фалонум дар фалонат" гуфта, дашном медиҳад ва мошинро равон месозад. Лаҳзаи мазкур аз ҷониби як мусофири дигар сабт ва дар интернет нашр гардида буд.

Дар пайи пешниҳоди навор генерал Шариф Назарзода, сардори милисаи шаҳри Душанбе дастур додааст, ки муттаҳам муҷозот шавад.  

Мақомоти умури дохилӣ муайян кардаанд, ки ин ронандаи ҷавон Лутфулло Файзуллозода ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатнома, ҳамчун таксии кироякаш, дар хатсайри худсохтаи рақами 3 фаъолият намуда, ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст.

Ба иттилои ВКД номбурда дар идораи милиса пурра ба кирдорҳои ғайриахлоқиаш иқрор гардид.

Узрхоҳии ҷавонон аз Афсона Акобиршо барои "гаппартоӣ"-и дағалу таҳқиромез

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 20 август, ронандаи бадахлоқ Лутфулло Файзуллозодаро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, барояш ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин кардааст.

Инчунин нисбаташ мавод барои мусофирбарии ғайриқонунӣ дар Душанбе таҳия шудааст, ки ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ дар пай дорад.

Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон даъват намудааст, ки дар сурати шоҳиди ҳуқуқвайронкунӣ шудан, ба телефони боварӣ- 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук бо номи "Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе" иттилоъ диҳанд.

"Ҳамаи муроҷиат ва пешниҳоду дархостҳои воридгардидаро шахсан сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода мавриди омӯзиш қарор дода, баъдан барои баррасӣ ва санҷиши холисона ба шуъбаву хадамоти милитсия пойтахт ирсол менамояд", — таъкид намудааст манбаъ.