Навори дуздии ҳавопаймои мусофирбар ва таъқибаш аз сӯи низомиён

Шоҳидон дар шаҳри Сиэтли ИМА ҳавопаймои мусофирбари рабудашударо ба навор гирифтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 2авг — Sputnik. Корманди ширкати Alaska Airlines ҳавопаймои Bombardier Dash 8 Q400-ро рабудааст. Мақомот мегӯянд, ҳавопаймо бо ҳадафи худкушӣ дуздида шуд ва дар дохили он мусофире набудааст.

Халабонҳои ҳавопаймоҳои низомӣ, ки "Bombardier Dash 8 Q400"-ро таъқиб мекардаанд, дуздро розӣ кардаанд, ки ҳавопайморо аз маҳалҳои истиқоматӣ дуртар барад.

Ҳавопаймои рабудашуда баъди 15 дақиқаи парвоз дар ҷануби халиҷи Пюҷет суқут кардааст.