Аз хурсандӣ ашк рехтам: изҳори сипоси сайёҳи амрикоӣ ба милисаи тоҷик

Кормандони шӯъбачаи сайёҳии ВУД ба гардишгарони хориҷӣ кӯмак расониданд: сайёҳи амрикоӣ мегӯяд, интизор набуд, ки милиса ба зуддӣ ба кӯмакаш мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз аввалин корнамоии кормандони Шӯъбачаи сайёҳии ВУД хабар  додааст: милисаҳо ба хонаводаи амрикоие фавран кӯмак расониданд.

Бино бар иттилои манбаъ, 8-уми август дар кӯчаи Рӯдакӣ-Теҳрони шаҳри Душанбе Матю Пушел ном шаҳрванди Амрико бо ҳамроҳии оилааш ва кӯдаки хурдсолаш  дар дохили  таксӣ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро фаромӯш мекунад.

Сипас гардишгар аз ин қазия "Пулиси сайёҳӣ"-и ВУД-ро хабардор кардааст.

"Кормандони шуъбачаи сайёҳӣ онҳоро фавран ба Маркази "Шаҳри бехатар" оварда, автомашинаи таксиро пайдо намуда, дар муддати кӯтоҳ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои ӯро бар мегардонанд", — менависад манбаъ.

Матю Пушел гуфтааст, ки умед надошт, киҳуҷҷат ва ҳамёнашро пайдо кунад ва фикр мекард, ки бо ин далел ба мушкилии бузурге рӯ ба рӯ мешавад, аммо кормандони милиса ба кӯмакаш шитофтанд.

"Ин хатогии худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромӯш кардам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки онҳоро меёбам. Вале бо кӯмаку дастгирии кормандони полиси сайёҳӣ онҳоро дар дар муддати 20 дақиқа ёфтам. Бовар мекунед, вақте ки онҳоро ба ман баргардониданд ман аз хурсандӣ ашк рехтам, чунки гум кардани онҳо барои ман як ҳодисаи ногаҳонӣ буд, зеро ман бо аҳли оилаам пагоҳ бояд ба Амрико баргардем. Мо барои сафар чипта харида, омодагӣ мегирифтем", — гуфтааст гардишгар.

Ширкати туркӣ сайёҳони маҷруҳ ва кушташуда дар Данғараро ба Ватан расонд

Ин хонавода бори дуввум барои саёҳат ба Тоҷикистон омадаанд.

Ёдрас мешавем, шӯъбаи сайёҳии милисаи ВУД пас аз ҳодисаи хунини гардишгарон дар Данғара ташкил шуд.

Вазифаҳои он аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳони хориҷӣ, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ва ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон иборат аст.