ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҳайъати Тоҷикистонро дар Тошканд гарму самимӣ пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи севум аст, ки намояндагони фарҳангу илм ва сиёсату адабиёти Тоҷикистон дар Узбакистон қарор доранд.
Гуфта мешаванд, сараввал ҳаъати Тоҷикистон дар Тошканд аз Иттифоқи нависандагони Узбакистон дидан кардаанд.
"Дар ин дидор зикр гардид, ки дӯстии тоҷикону узбакон ҳанӯз дар асрҳои миёна аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ сар шуда буд", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Фарҳагиёни тоҷик дар Тошканд бо маҷмааи Ҳазрати Имом низ ошно гардиданд.
Ҳайъат ҳамчунин ба шаҳри Самарқанд сафар карда, бо фаъолияти Китобхонаи миллии Узбакистон ва Академияи илмҳои Узбакистон шинос шуданд.