ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik.Тибқи ин навор, қотили эҳтимолӣ дар пушт борхалтаеро дорад, ки баъдан бо ҷасади Вайида дар канори роҳи оҳани Серпухова пайдо шуд. Дар навор дида мешавад, ки ҳангоми бозгашт қотили эҳтимолӣ борхалта дар пушт надорад. Мақомоти Русия мегӯянд, маҳз ҳамин борхалтаро бо ҷасад дар канори роҳ пайдо намудаанд.
Ахиран Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти муттаҳам Александр.С, сокини 28-солаи Серпухова хабар дода буд.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва қатл парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
"Феълан муфаттишони ботаҷриба ба таҳқиқи парвандаи мазкур машғул мебошанд", — таъкид намудааст Кумитаи тафтишотии Русия.
Наздикони Вайида мегӯянд, интизор доранд, ки имрӯз ҷасади марҳумро аз мақомот гиранду ба Ватан интиқол диҳанд.
Вайидо, духтари 5-солаи оилаи Саидовҳо, муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки дар шаҳри Серпуховаи вилояти Маскав иҷоранишин будаанд. Марҳум 22 июл аз майдончаи кӯдакон дар назди хонааш нопадид шудааст ва дар пайи кофтукоб ҷасадаш 23 июл пайдо гардид. Расонаҳо менависанд, кӯдаки марҳумро марде бо баҳонаи харидани ширинию яхмос бо худ бурдааст.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ Вайидо замоне ғайб задааст, ки модарбузургаш барои чанд дақиқа вориди мағоза шудааст.