ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, сардори Хадамоти мазкур, 23 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, тайи 6 моҳ 136 масъули корхонаҳои кишварро барои қоидавайронкунӣ ба маблағи 285 ҳазору 844 сомонӣ ҷаримабандӣ кардаанд.
Дар қатори корхонаҳои ҷаримашуда аз ҷумла "Газпромнефт", "Ширкати алюминийи тоҷик", "Гидроэнергострой", "Хокруд", "Сохтмон-3", "Мавлак", "Хуаксин Ғаюр Суғд Семент", "Сарватҳои кӯҳӣ", "Саманд" ва ғайра номбар карда шуданд.
Тибқи иттилои Хадамот дар фаъолияти аксари корхонаҳо зикргардида, нақзи талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ ва дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагузоштани иншоот ошкор карда шуданд.