Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ғайби Муҳиддин Кабирӣ мурофиаи парвандаро оғоз кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ғайби Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломи Тоҷикистон, ба муҳокимаи парванда оғоз кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси додгоҳи олӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин мурофиа ба таври махфӣ ва пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Вай гуфт, ки Додгоҳи олӣ алакай парвандаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати Тоҷикистонро барои муҳокима қабул кардааст.

Аммо вай афзуд, ки ба далели муҳри махфӣ доштани парвандаи Кабирӣ ҷузъиёти бештарро наметавонад ошкор кунад.

Ба қавли раиси Додгоҳи олӣ, танҳо баъди қабул шудани қарори суд алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, ҷузъиёти парванда ва мурофиа эълон карда мешавад.

Ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ аз тарафи Интерпол давом дорад

Масъулини Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, Муҳиддин Кабирӣ ба 16 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор шудааст.

"Алайҳи Кабирӣ бо 16 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Мурофиаи додгоҳии Кабирӣ пушти дарҳои баста дар Додгоҳи олӣ идома дорад",- таъкид кард Шоҳиён.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба даст доштан дар "ошӯб"-и соли 2015-и собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", муттаҳам мекунанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки аз соли 2015 дар хориҷа аз кишвар ба сар мебарад, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон кард.